imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj peshnomanavisi tj cabinet tj

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Душанбе, 14-уми феврали соли 2020

Рӯзи 13-уми феврали соли 2020 дар маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ “Ховар” нишасти матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) доир гашт.

IMG 9497Ба кори ҳамоиш, ки дар он намояндагони расонаҳои хабарии дохилу хориҷи кишвар (рӯзномаву ҳафтанома, маҷалла, радиову телевизион ва ожонсиҳои иттилоотӣ) ширкат доштанд, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) Икромӣ Хуршед Икром оғоз бахшида, дар бораи муҳимтарин самтҳои фаъолияти Марказ мухтасар маълумот дод ва қайд кард, азбаски барои намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумотнома дар бораи фаъолияти Марказ дар соли 2019 ба забони тоҷикӣ дар шакли ҷузва пешниҳод карда шудааст ва бинобар маҳдуд будани вақти муқарраршуда дарҳол ба суолу ҷавоб гузаштан ҳадафманд хоҳад буд.

Икромӣ Х. И. аз ҳамкории журналистону хабарнигорони кишвар бо Марказ ва масъалабардории онҳо аз тариқи ВАО изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, ҳозиронро аз умдатарин навгониҳои рухдода дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии кишвар, бахусус тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонҳо дар низом воқиф сохт.

Дар ҷаласа хабарнигорон ба суолҳои худ дар бораи масъалаҳои гуногуни марбут ба ИМД ва фаъолияти Марказ аз роҳбарияти муассисаи мазкур ва масъулони соҳа посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дар охир роҳбарияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори ташаккур ба хабарнигорон аз онҳо изҳори умедворӣ кард, ки дар баёну нашри иттилооти марбут ба Марказ ва низоми ИМД дақиқкору ҳақбин хоҳанд буд ва барои дурустии маълумот ва ба ифроту тафрит роҳ надодан дар инъикоси хабарҳои марбута ҳамеша бо эҳсоси масъулият муносибат мекунанд.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона