imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ТАРҲИ НАВИ МАҶМӮИ ФАНҲОИ ИМТИҲОНӢ ДАР НИЗОМИ ИМД

Душанбе, 30-юми январи соли 2020

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи розигии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) аз соли ҷорӣ тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ ба роҳ монда мешавад.

Тавре ки маълум аст, бо ҷорӣ гардидани низоми ИМД дар раванди қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ як қатор тағйироту навгониҳо ба вуҷуд омада, бахусус сифати интихоби довталабон барои таҳсил дар ин муассисаҳо куллан ба таври мусбат иваз шуд. Инчунин, ҳадафҳое, ки дар назди низом гузошта шуда буд, ҳамасола дар сатҳи зарурӣ амалӣ гардид. Яъне, то таҳияи тарҳи нав низ низоми ИМД бехато ва ба таври устувор фаъолият мекард, ҳадафу вазифаҳои дар назди низоми мазкур гузошташуда пурра амалӣ ва тамоми талаботу қоидаҳои муқарраргардида ҳамасола иҷро мегардиданд.

Новобаста аз ин, тибқи таҷрибаи кишварҳои дигар, ки ҳамеша дар пайи такмилу таҷдиди чунин низомҳоянд, Марказ низ бо мақсади такмили низоми ИМД тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳониро вобаста ба гурӯҳҳои ихтисосҳо бо дарназардошти танҳо як маротиба имтиҳон супоридани довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия намуд. Лозим ба зикр аст, ки ин гуна имтиҳонҳо дар кишварҳои дигар низ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи махсуси ҷомеаҳои академӣ, илмӣ ва шаҳрвандӣ қарор дошта, дар ҳар давраи муайян дар ин имтиҳонҳо тағйироти такмилдиҳанда ворид карда мешавад.

Тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, ки тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст, дар муқоиса бо тарҳи пешин фарқияту бартариҳое дорад, ки ба манфиати довталабон аст.

Тибқи тарҳи нав аз қисми А (имтиҳони умумӣ), ки онро солҳои пешин ҳамаи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ месупориданд, танҳо як субтест – “Забони тоҷикӣ” ва аз қисми Б (имтиҳони ихтисос)-и солҳои пеш се субтести дигари вобаста ба ҳар гурӯҳи ихтисосҳо пешбинишуда дар як қисм (тибқи номи нав: А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) дохил карда шуд. Яъне, аз имтиҳони умумии солҳои пеш ду субтести охири он (2-юм – “Математика” ва 3-юм – “Таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ”) ба тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ дохил карда нашудааст.

Ҳамин тариқ, довталабони мазкур аз рӯйи ихтисосҳое, ки солҳои пеш супоридани ҳар ду қисм – А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) ро талаб мекарданд, аз соли ҷорӣ танҳо як қисми имтиҳон – А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум)) ро бояд супоранд. Қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) аз чор субтест иборат аст, ки фанҳои онҳо, ба истиснои субтести “Забони тоҷикӣ”, ки барои ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо субтести умумӣ ба ҳисоб меравад, аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо вобастаанд.

Азбаски солҳои пеш қисми Б барои ифодаи “имтиҳони ихтисос” истифода мешуду тибқи тарҳи нав он барои ифодаи “имтиҳон дар заминаи барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ”, ки қаблан “қисми АБ 9 (имтиҳони умумию ихтисос)” ном дошт, ба кор меравад, зарур аст, ки минбаъд қисми Б бо “имтиҳони ихтисос” иштибоҳан як чиз дониста нашавад.

Яке аз ҳадафҳои асосии татбиқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ дар низоми ИМД коҳиши сарборӣ ва фишори равонӣ ба хатмкунандагон аст, ки дар як фосилаи замонии кӯтоҳ (аз соли таҳсили 2018-2019) бояд аз якчанд фан ҳам дар аттестатсияи хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳам дар ИМД имтиҳон месупориданд. Чунин тарҳ барои хубтар омода шудани довталабон ба имтиҳонҳои мазкур имконияти бештарро фароҳам меорад.

Бинобар он ки тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ якчанд хусусияту қоидаҳои навро дорад, барои фаҳмидани моҳияти он ва роҳ надодан ба номафҳумиҳо бояд дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки дар он маълумоти муфассал дар бораи ИМД тибқи тарҳи нав дарҷ гардида, гунаи электрониаш дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html) ҷой дода шудааст, бодиққат мутолиа карда шавад.

Тибқи тарҳи нав, маҷмӯи фанҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо чунин пешниҳод карда мешавад:


Р.т.

Гурӯҳи ихтисосҳо

Субтестҳо

Субтестҳои ҳатмӣ барои довталабони ихтисосҳои дорои ИЭММ-ро интихобкарда

Субтести умумӣ барои ҳамаи довталабон

Субтестҳое, ки ҳамчун фанҳои имтиҳонии асосӣ барои ихтисосҳои муқаррарӣ ба назар гирифта мешавад

1

2

3

4

1

Табиӣ ва техникӣ

Забони тоҷикӣ

Математика

Химия

Физика

2

Иқтисод ва география

Забони тоҷикӣ

Математика

География

Забони хориҷӣ*

3

Филология, педагогика ва санъат

Забони тоҷикӣ

Таърих

Адабиёт**

Забони хориҷӣ*

4

Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ

Забони тоҷикӣ

Таърих

Ҳуқуқи инсон

Забони хориҷӣ*

5

Тиб, биология ва варзиш

Забони тоҷикӣ

Биология

Химия

Физика

 

* довталаб дар интихоби субтест аз яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсавӣ, арабӣ)-и қисми А дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм, 3-юм ва 4‑ум озод аст;

** барои довталабоне, ки ихтисоси “забон ва адабиёти ӯзбек”-ро интихоб мекунанд, субтести 3-юми имтиҳони қисми А забон ва адабиёти ӯзбек аст. Ин гуна довталабон ихтисосҳои самтҳои забон ва адабиёти тоҷик ва забон ва адабиёти русро интихоб карда наметавонанд. Довталабони дигар, вобаста ба забони имтиҳонсупории интихобкардаашон, субтести 3-юми қисми А-ро аз адабиёти тоҷик (агар забони имтиҳонсупорӣ тоҷикӣ бошад) ё забон ва адабиёти рус (агар забони имтиҳонсупорӣ русӣ бошад) месупоранд.


Довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки танҳо ихтисосҳои дорои қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро интихоб менамоянд, аз супоридани ду субтести охир (сеюм ва чорум) и қисми А озоданд, яъне онҳо қисми В ва фақат ду субтести аввал (якум ва дуюм) и қисми А-ро тибқи ҷадвали зерин месупоранд:


Гурӯҳи ихтисосҳо

Фанҳои имтиҳон (субтестҳо)

1-ум

2-юм

1-ум – “Табиӣ ва техникӣ”

Забони тоҷикӣ

Математика

3-юм – “Филология, педагогика ва санъат”

Забони тоҷикӣ

Таърих

4-ум – “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ”

Забони тоҷикӣ

Таърих

5-ум – “Тиб, биология ва варзиш”

Забони тоҷикӣ

Биология

 

Эзоҳ: азбаски дар гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) ихтисосҳои дорои қисми В мавҷуд нест, дар ҷадвали 7-ум ин гурӯҳи ихтисосҳо нишон дода нашудааст.


Тибқи тарҳи нав, новобаста аз он, ки довталабони танҳо ихтисосҳои дорои қисми В-ро интихобкарда аз супоридани ду субтести охир (сеюм ва чорум)-и қисми А озоданд, китобчаи тест дар имтиҳон ба чунин довталабон низ бо 4 субтест пешниҳод мегардад ва онҳо ихтиёр доранд (яъне, агар хоҳанд, метавонанд), ки саволу масъалаҳои ҳар чор субтестро иҷро кунанд. Дар чунин ҳолат довталабони холи гузаришро аз ҳар чор субтест соҳибшуда дар сурати комёб нашуданашон дар озмуни тақсимоти асосӣ имкон пайдо мекунанд, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В-ро талабкунанда барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ ихтисосҳои дигарро низ интихоб кунанд.

Натиҷаи аз қисми В бадастовардаи довталаб дар озмуни тақсимот танҳо барои ихтисосҳое ба назар гирифта мешавад, ки супоридани ин имтиҳонҳоро талаб мекунанд. Инчунин, агар довталаби ихтисосҳои дорои қисми В-ро интихобкарда қисми А-ро пурра супорида бошад, барои ихтисосҳое, ки супоридани қисми В ро талаб мекунанд, натиҷаҳои бадастовардаи довталаб аз қисми В ва танҳо аз ду субтести аввал (1-ум ва 2-юм) и қисми А ба назар гирифта мешавад. Барои чунин ихтисосҳо натиҷаҳои аз ду субтести охир (3-юм ва 4-ум)-и қисми А бадастовардаи довталаб ба назар гирифта намешавад.

Барои ихтисосҳои муқаррарӣ, ки тибқи тартиби солҳои қаблӣ супоридани қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос)-ро талаб мекарданд, тибқи тарҳи нав се субтести охир – 2-юм, 3-юм ва 4-уми қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (масалан, барои гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ): (2) математика, (3) химия ва (4) физика) ҳамчун фанҳои имтиҳони ихтисос ба назар гирифта мешавад ва вобаста ба ҳамин аз рӯйи доираи ихтисосҳои ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо миқёс (шкала) ва ё, ба ибораи дигар, шумораи имконпазири бештарини балҳо муқаррар карда мешавад. Тавре ки маълум аст, тибқи тартиб, вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ҳар ихтисос барои ҳар яке аз субтестҳо шумораи имконпазири бештарин (ҳадди аксар)-и балҳо (вазн) муқаррар мегардад, ки таносуби онҳо аз рӯйи субтестҳо гуногун аст. Масалан, дар гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) шумораи имконпазири бештарини балҳо барои ҳар яке аз субтестҳо аз рӯйи ихтисосҳои зерин тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ чунин муқаррар карда мешавад:


Рамзи ихтисос

Номи ихтисос

Шумораи имконпазири бештарини балҳо (вазн)-и субтестҳои қисми А

А1

А2

А3

А4

Забони тоҷикӣ

Математика

Химия

Физика

1020505

Информатика

75

175

100

150

1740206

Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ

75

150

175

100

1540103

Усулҳои физикию химиявӣ ва асбобҳои назорати сифати маҳсулот

75

100

150

175

1690101

Меъморӣ*

75

175

-

-

 

*ихтисос супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талаб мекунад.


Аз рӯйи ҳамин тартиб, шумораи умумии имконпазири бештарини балҳо барои ҳамаи субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) 500-ро ташкил медиҳад.

Барои ихтисосҳое, ки супоридани қисми В ро талаб мекунанд, шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳои ду субтести аввал – 1-ум ва 2-юми қисми А (масалан, барои чунин ихтисосҳои гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ): (1) забони тоҷикӣ ва (2) математика) мувофиқан 75 ва 175, яъне, дар маҷмӯъ, ҳар ду 250 балро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин, шумораи имконпазири бештарини балҳо барои қисми В, ки солҳои пеш ба 300 баробар буд, низ тибқи тарҳи нав тағйир ёфта, он ҳамагӣ 250-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, бали умумие, ки барои ихтисосҳои супоридани қисми В-ро талабкунанда аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми А (субтестҳои 1-ум ва 2-юм) ва аз қисми В бадастовардаи довталаби ин имтиҳонҳоро бомуваффақият супорида ҳосил мешавад, метавонад то 500 бошад, яъне 250 бал барои ду субтести аввали қисми А ва 250 бали дигар барои қисми В.

Бо дарназардошти он ки тибқи тарҳи нав довталаб дар Марказ танҳо як маротиба (ҳамагӣ аз 4 фан) имтиҳон месупорад, шумораи саволу масъалаҳои тест низ таҷдиди назар карда шуд. Бо дарназардошти ин, тибқи тарҳи нав, вобаста аз навъи саволу масъалаҳо, шумораи саволу масъалаҳо ва шумораи имконпазири бештарини холҳо (ШИБХ) дар доираи қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) чунин муқаррар гардидааст:


Р.т.

Субтест

Миқдор ва шакли саволу масъалаҳо

ШИБХ

Ҳамагӣ

аз ҷумла

бо интихоби як ҷавоби дуруст

муайян кардани мувофиқат

бо ҷавоби кӯтоҳ

1

Забони тоҷикӣ

25

20

5

-

40

2

Адабиёти тоҷик

25

20

5

-

40

3

Забон ва адабиёти рус

25

20

5

-

40

4

Забон ва адабиёти ӯзбек

25

20

5

-

40

5

Забони англисӣ

25

20

5

-

40

6

Забони немисӣ

25

20

5

-

40

7

Забони франсавӣ

25

20

5

-

40

8

Забони арабӣ

25

20

5

-

40

9

Таърих

25

20

5

-

40

10

Ҳуқуқ

25

20

5

-

40

11

Математика

27

18

2

7

40

12

Физика

27

18

2

7

40

13

Химия

27

18

2

7

40

14

Биология

25

20

5

-

40

15

География

25

20

5

-

40


Хулоса, бартариҳои тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ вобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо бо дарназардошти ин, ки довталабон танҳо як маротиба имтиҳон месупоранд, чунин аст:

1) коҳиши фишори равонӣ ва сарборӣ ба хатмкунандагон, ки дар як фосилаи замонии кӯтоҳ бояд аз якчанд фан ҳам дар аттестатсияи хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳам тавассути низоми ИМД имтиҳон супоранд;

2) фароҳам овардани имконияти хубтар барои омода шудани хатмкунандагон ба ИМД;

3) бартараф кардани мушкилот барои баъзе аз довталабони ихтисосҳои дорои ИЭММ-ро интихобкарда, ки бинобар ду имтиҳон (қисмҳои А ва Б) ро дар як шаҳр ё ноҳия ва як имтиҳони дигар (қисми В)-ро дар фосилаи замони ду имтиҳони зикршуда дар шаҳр ё ноҳияи дигар супориданашон бо он рӯ ба рӯ мешаванд;

4) ҳадди ақал 6 рӯз кам кардани давраи имтиҳонҳо, ки барои пештар эълон кардани натиҷаҳои имтиҳонҳо мусоидат мекунад;

5) таъмини ҳамсон ва наздиксозии маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тибқи таҷрибаи кишварҳои дигар ва ба талаботи замон мувофиқ кардани низом;

6) коҳиши корҳо дар самти таҳия ва чопи маводди имтиҳонӣ ва дар ин замина беҳтар кардани сифати маводди имтиҳонӣ ва истифодаи самараноки вақт барои таҳияи маводди дастурӣ, методӣ, маҷмӯаҳои тестҳо; иштирок дар барномаҳои арзёбии дониши хонандагон ва ғайра;

7) коҳиши ҳаҷми корҳо дар самти логистика (интиқоли маводди имтиҳонӣ), ки таъмини бехатарӣ ва махфиятро талаб мекунад;

8) коҳиши ҳаҷми корҳои ташкил ва идораи имтиҳонҳо;

9) коҳиши ҳаҷми корҳо дар самти коркарди маводди имтиҳон пас аз имтиҳонсупории довталабон;

10) фароҳам овардани шароити муносиб барои дар оянда гузаштан ба тестгузаронии компютерӣ.

Барои фаҳмидани моҳият ва хусусиятҳои тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ ба шахсоне, ки соли ҷорӣ дар ИМД иштирок кардан мехоҳанд, тавсия медиҳем, ки дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ро, ки дар он маълумоти муфассал дар бораи ИМД тибқи тарҳи нав дарҷ гардида, гунаи электрониаш дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html) ҷой дода шудааст, мутолиа намоянд. Дастури мазкур дар шакли чопӣ дар моҳи феврал ба ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ ройгон дастрас гардонида мешавад.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона