imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj peshnomanavisi tj cabinet tj

ОҒОЗИ КУРСИ ШИНОСОӢ БО НИЗОМИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ ҶУМҲУРӢ БАРОИ СОЛИ 2020

Душанбе, 20-уми январи соли 2020

ozmoish-2020Тибқи банди 59-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст, бо мақсади омода намудани таблиғгарон барои роҳандозии корҳои иттилоърасонӣ дар байни алоқамандони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (минбаъд – ИМД) фармоиши директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд. Мувофиқи ин фармоиш бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми ИМД ва омодасозии онҳо барои сари вақт шинос намудани ҷомеа, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ, бо ин низом курси шиносоӣ дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор мегардад.

Вобаста ба ин 20-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Марказ курси шиносоӣ бо иштироки намояндагони сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид, ки он то 22 юми январи соли 2020 дар шаҳри Душанбе идома меёбад.

Курси мазкур дар доираи барнома ва модули омӯзишӣ давоми 3 рӯз дар ду сатҳи аввал моҳи январ ва дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ дар давоми моҳи феврал роҷеъ ба хусусияти низоми ИМД ва талаботу қоидаҳои муқарраршудаи марбут ба он, хусусан барои бақайдгирии довталабон ва мавзӯъҳои дигари дахлдор дарсҳо сурат мегиранд. Ҳайати кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шарҳу тафсили мавзӯъҳои дарсӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла муаррифии компютерӣ, маърӯзаҳои хурд, маводди тақсимотии чопию электронӣ ва ғайраро омода намудааст.

Ба таблиғгарон маводди ёрирасони иттилоотӣ ва омӯзишӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва модули омӯзишии низоми ИМД, тақсимот карда шуд.

Баъд аз баргузории курси шиносоӣ бо низоми ИМД дар шаҳри Душанбе ҳайати гурӯҳи корӣ барои ташкилу баргузории ин курс тибқи ҷадвали тасдиқшудаи сафарҳои хизматӣ ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ хоҳанд рафт.

Сатҳи дуюми курси шиносоӣ барои 3642 намояндаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз 30-юми январ то 1-уми феврали соли 2020 ва сатҳи сеюми курси шиносоӣ барои зиёда аз 150 000 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии зикршуда давоми моҳи феврал бевосита дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар анҷоми курсҳои шиносоӣ донишҳои азхудкардаи иштирокдорони сатҳи аввал вобаста ба мавзӯъҳои пешниҳодшудаи барномаи омӯзишӣ тавассути тест санҷида мешавад.

Бояд қайд кард, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани ИМД-2020 аз 3-юми феврал то 6-уми март, дар баробари мониторинги рафти курси шиносоӣ дар сатҳи сеюм, вохӯриҳои кормандони доимӣ ва муваққатии Марказ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва падару модари довталабон пешбинӣ шудааст.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона