imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj peshnomanavisi tj cabinet tj

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИЮ ҲИСОБОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Душанбе, 13-уми январи соли 2020

hisobot-markaz-201910.01.2020 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъи кормандони ин муассиса ва сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ ва сардори бахши маориф ва илми ин раёсат Ибодуллозода Аҳлиддин ҷаласаи ҷамъбастию ҳисоботӣ баргузор гардид.

Маҷлисро директори Марказ Икромӣ Х. И. кушода, аҳли нишастро аз рӯзномаи ҷаласа ва ҳузури меҳмонон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқиф сохт.

Икромӣ Х. И. бо таъкиди ин нукта, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) ва фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ба ҳозирон тавассути муаррифии (презентатсияи) компютерӣ оид ба кори Марказ дар давоми соли 2019 ҳисобот дод. Мазкур дар бораи фаъолияти Марказ дар ҳамаи марҳалаҳои ИМД (давраҳои бақайдгирии довталабон ва баргузории имтиҳонҳо, корҳои иттилоърасонӣ, ташкилу баргузории имтиҳонҳо, натиҷаи имтиҳонҳо, озмунҳои (асосӣ ва такрорӣ)-и тақсимот ва монанди инҳо) маълумот дод. Икромӣ Х. И. зимни таҳлили фаъолияти яксолаи Марказ ва ироаи маълумоти оморӣ нишондиҳанда ва мушаххасоти ИМД-и соли 2019-ро дар қиёс бо нишондиҳандаҳои ИМД-и солҳои пешин қайд карда, навгониҳо ва комёбиҳои бадастоварда дар ин сол ва дар баробари ин, мушкилоти ҷойдоштаро тазаккур дод.

Сипас сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ суханронӣ карда, фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли сипаригардида қаноатбахш арзёбӣ кард. Номбурда зимнан қайд намуд, ки дар кишвар ҳеҷ як муассиса ё ниҳоди дигаре вуҷуд надорад, ки ба мисли Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи фарохи алоқамандон дошта бошад. Дар суханронии мазкур, аз ҷумла таъкид гашт, ки тарҳи нави ИМД, ки татбиқи онҳо имсол аз ҷониби Марказ ба нақша гирифта шудааст, яке аз корҳои шоёну навгониҳои назаррас дар низоми имтиҳонҳои дохилшавӣ ва боз як қадами нав дар такмили ин низом хоҳад буд. Абдулхолиқзода Л. А. таъкид кард, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро лозим аст, ба дастовардҳои ҳозирааш қонеъ нашуда, дар баробари такмилу таҷдиди ҳарсолаи низоми ИМД, бикӯшад, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ низ саҳмгузор бошад.

Дар охир чанде аз ширкаткунандагони ҷаласа ба музокира баромада, андешаҳои худро роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба рӯзномаи маҷлис баён карданд.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона