imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj peshnomanavisi tj cabinet tj

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ СУДМАНД БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Душанбе, 10-уми январи соли 2020

semРӯзи 9-уми январи соли 2020 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои озмоиши абзори мониторинги дастовардҳои таълимию фаннии хонандагони синфҳои ибтидоӣ (SAM – School Achievements Monitoring) аз фанни математика семинар баргузор гардид. Дар семинар мутахассисони синфҳои ибтидоии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва мутахассисони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки абзори мониторинги дастовардҳои таълимию фаннии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар Федератсияи Русия таҳия гардидааст. Ин абзорро мутахассисони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шароити Тоҷикистон мутобиқ гардониданд, ки дар давоми солҳои 2017-2019 дар байни хонандагони синфҳои 4 ва 5-уми баъзе аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмуда шуд. Мақсад аз озмоиши абзори мазкур мусоидат дар ташаккули низоми миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд ворид шудан ба низоми байналмилалии арзёбии сифати таҳсилот – иштирок дар пажӯҳишҳои байналмилалӣ, ба монанди TIMSS, PISA, PIRLS ва ғ. аст.

Семинарро муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфаров С. Ф. оғоз намуда, дар бораи ҳамкориҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба рушди маориф (CICED)-и Федератсияи Русия ва доир ба арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон маълумот дод.

Сипас сардори раёсати таҳияи маводи имтиҳони Марказ Азимов Ҷ. А. доир ба хусусиятҳои абзори SAM ва сардори шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушди Марказ Мирзоаминов Х. М. доир ба натиҷаҳои озмоиши абзори SAM гузориши муфассал доданд.

Дар охир иштирокдорони семинар ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Ба омӯзгорон барои истифодаи минбаъдаи натиҷаҳои озмоиши абзори SAM дар фаъолияти таълим маслиҳатҳои судманд дода шуд.


ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона