imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

АНҶОМИ ОЗМОИШ ТИБҚИ ТАРҲИ НАВИ ИМТИҲОНҲО ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

Душанбе, 30-юми декабри соли 2019

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) тибқи нақшаи фаъолияташ аз 9-ум то 20-уми декабри соли 2019 озмоиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ гузаронид.

Бояд тазаккур дод, ки озмоиши мазкур дар 53 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо таъсиси 54 маркази имтиҳонии дорои 827 синфхонаи имтиҳонӣ ва фарогирии 10541 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид.

Мақсад аз гузаронидани озмоиши мазкур, пеш аз ҳама, шинос кардани хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарки масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва огоҳӣ аз таркибу шаклҳои саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳонӣ аст.

Аз 10541 нафар даъватшудагон дар имтиҳонҳои озмоишӣ 8864 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд, ки ин 84,09 дарсади даъватшудагонро ташкил медод.

Барои ташкилу баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ аз ҷумлаи кормандон ва мутахассисони Марказ 32 нафар ва 741 нафар корманди муваққатӣ вобаста шуда буданд.

Аз ширкати хатмкунандагон дар имтиҳонҳои озмоишӣ мушоҳида кардан мумкин буд, ки дар шаҳри Исфара (98,22 % иштирок карданд) ва ноҳияи Вахш (98,00 % иштирок карданд) корҳои иттилоърасонию тарғиботӣ беҳтар ба роҳ монда шуда буд. Гарчанде баргузории чунин имтиҳонҳои озмоишӣ бар нафъи довталабони оянда аст, аммо мувофиқи талаб таъмин накардани шумораи зарурии ширкати хатмкунандагон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (аз ҷумла, шаҳри Истаравшан (56,00 %) ва ноҳияҳои Муъминобод (51,67 %) ва Дӯстӣ (51,67 %)) масъулонро водор мекунад, ки дар ин самти кор минбаъд бештар эътибор диҳанд.

Бояд қайд намуд, ки натиҷаи имтиҳонҳои озмоишӣ ба таври худкор арзёбӣ ва ба хатмкунандагон пешниҳод карда мешавад.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона