imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ЭЪЛОНИ ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ БАҚАЙДГИРАНДАИ НУҚТАИ БАҚАЙДГИРӢ

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонДушанбе,


25-уми декабри соли 2019


Мансаб: бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ (136 ҷой)

Мансаб: 34 рӯз (аз 1-уми март то 15-уми апрели соли 2020 бо имкони тамдид)

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 32 нафар,  ш. Ваҳдат6 нафар,  ш. Турсунзода 4 нафар, ш. Ҳисор2 нафар, ш. Хуҷанд – 10 нафар, ш. Истаравшан – 4 нафар, ш. Исфара – 2 нафар, ш. Конибодом – 2 нафар, ш. Панҷакент – 2 нафар, ш. Бохтар – 12 нафар, ш. Кӯлоб – 12 нафар, ш. Хоруғ – 4 нафар, н. Рашт – 4 нафар, н. Рӯдакӣ 2 нафар,  н. Ашт – 2 нафар, н. Б. Ғафуров – 4 нафар, н. А. Ҷомӣ – 2 нафар, н. Вахш – 2 нафар, н. Восеъ – 4 нафар, н. Данғара – 6 нафар, н. Ёвон – 4 нафар, н. Фархор – 2 нафар, н. Ҳамадонӣ – 2 нафар, н. Қубодиён – 2 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 4 нафар, н. Шаҳритус – 4 нафар.

 

Мансаб: бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ (8 ҷой)

Мӯҳлат: 26 рӯз (аз 1-ум то 30-юми апрели соли 2020 бо имкони тамдид)

Макони иҷрои вазифа: н. Айнӣ – 2 нафар, н. Деваштич – 2 нафар, н. Спитамен – 2 нафар, н. Панҷ – 2 нафар.


Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади бақайдгирии довталабон дар доираи ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Бо ин мақсад Марказ барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаҳои бақайдгирӣ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ масъул мегарданд.


Вазифаҳои асосӣ:

омода намудани нуқтаи бақайдгирӣ ва таҷҳизоти техникӣ барои бақайдгирии довталабон;

таъмини ворид намудани маълумоти дақиқ тибқи қоида ва дастурамали мансабӣ;

таъмини нигаҳдории маълумоти дақиқи довталаб то замони ба роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ супоридан;

пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ.


Талаботи тахассусӣ:

маълумоти олӣ ё олии нопурра;

таҷрибаи корӣ дар соҳаи маориф;

малакаи кор бо воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ: ноутбук, веб-камера, принтер, шабакаҳои маҳаллӣ, флеш-хотира, барномаҳои офисӣ ва дастаи барномаҳои коркарди электронии ҳуҷҷатҳо;

озодона суҳбат намудан бо забони тоҷикӣ.


Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд маълумотномаро, ки дар шабакаи Интернет бо суроғаи http://vacancy.ntc.tj/ гузошта шудааст, бо забони тоҷикӣ пур карда, ба он нусхаи шиноснома бо ҷойи зист, нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ ва нусхаи билети ҳарбиро (агар дошта бошад) замима намоянд.

Интихоб ба воситаи озмун гузаронида мешавад.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 24-уми январи соли 2020, то соати 16:00.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона