imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ОЗМОИШИ НИЗОМИ ИМД ТИБҚИ ТАРҲИ НАВИ МАҶМӮИ ФАНҲОИ ИМТИҲОНӢ

Душанбе, 12-уми декабри соли 2019

ozm imt_1212209Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) тибқи нақшаи фаъолияти худ аз 9-ум то 20-уми декабри соли 2019 озмоиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар асоси тарҳи нави имтиҳон ба роҳ монд.

Озмоиши мазкур дар 53 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо таъсиси 54 маркази имтиҳонии дорои 827 синфхонаи имтиҳонӣ ва фарогирии 10541 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шудааст.

Шумораи хонандагони дар имтиҳони озмоишӣ ширкаткунанда тибқи гурӯҳи ихтисосҳо дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимӣ чунин муқаррар шудааст:

- гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) – 1451 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) – 1943 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 2030 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) – 1491 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) – 3626 нафар хатмкунанда.

Мақсад аз гузаронидани озмоиши мазкур, пеш аз ҳама, шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави имтиҳон, таркиби саволу масъалаҳои тест вобаста аз фанҳои имтиҳонӣ аст.

Коркарди натиҷаи имтиҳонҳои озмоишӣ (тестҳои озмоишшавандагон) ба таври худкор анҷом дода шуда, маълумот дар бораи он ба иштирокдорон пешниҳод карда мешавад.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона