imd 2019_tj test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ИМТИҲОНИ ОЗМОИШӢ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Мувофиқи фармоиши директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми моҳи октябри соли 2019 имтиҳонҳои озмоишӣ барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор шуда истодааст. Мақсад аз гузаронидани чунин имтиҳонҳо шинос намудани довталабон бо моҳият ва тартиби имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва омода кардани онҳо ба имтиҳонҳои мазкур аст.

20-уми октябр бо ширкати хатмкунандагони 26 муассисаи таълимии шаҳри Панҷакент аз қисми А (имтиҳони умумӣ) имтиҳони озмоишӣ гирифта шуд. Шумораи зиёди имтиҳонсупорандагон (аз 23 МТТМУ) аз муассисаҳои таълимии деҳот ҷалб карда шуданд. Аз 405 нафар хонанда, ки тибқи нақшаи пешниҳодгардида барои ширкат дар имтиҳон пешбинӣ шуда буданд, 402 нафар дар имтиҳон иштирок карданд.

Дар даромадгоҳи маркази имтиҳонӣ дар бораи ҳадафу шароити баргузории имтиҳони озмоишӣ, тартибу қоидаҳо ва паҳлуҳои дигари ин имтиҳонҳо бо хонандагон суҳбат сурат гирифт. Дар имтиҳонҳои озмоишӣ нозири шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент Ҳамидов К. ва сардори дафтари методии ин шуъба Сангинов С. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пас аз коркарди варақаи ҷавобҳои имтиҳонсупорандагон дар бораи натиҷаҳои  имтиҳони озмоишӣ  ба муассисаҳои таълимӣ маълумот пешниҳод мегардад.


pnjk

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона