imd 2019_tj test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ҶАЛАСА БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

4-уми октябри соли 2019 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати кормандони ин ниҳод ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷаласаро директори Марказ Икромӣ Х. И. ифтитоҳ карда, сараввал аҳли нишастро ба муносибати иди Рӯзи забони давлатӣ шодбош гуфт. Мазкур бо таҳнияти ҳозирон роҷеъ ба забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти он барои ҳастии миллат, рушди забон дар даврони истиқлоли кишвар ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода ёдовар шуда, аз ҷумла, зикр кард, ки барои мо мояи фахру сарфарозист, ки соҳибони як забони басо бостонию ғанӣ ва ҷаҳонием. Мақоми давлатиро гирифтани забони тоҷикӣ яке аз омилҳои устувор гаштани пояҳои маънавии давлат, боло рафтани ҳувийяти миллии шаҳрвандон, таҳким ёфтани ҳисси худогоҳии соҳибзабонон аст. Риоя кардани Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ, ки воқеан, як забони хеле шевою ширину гӯшнавоз аст, рисолати ҳар яки мо, шаҳрвандони мамлакат ба ҳисоб меравад. Ниёгонамон асолату покии забони порсӣ – тоҷикӣ, ин забони шевою шоиронаро то ба замони мо маҳфуз доштаанд ва мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рӯи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем. Донистани забони миллӣ далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст, зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани он аст, ‒ қайд кард мазкур.

Сардори раёсати таҳияи маводди имтиҳон Ҷамшед Азимов пиромуни забони тоҷикӣ – порсӣ,  бузургдошти он андешаронӣ кард. Мазкур аз ҷумла, тазаккур дод, ки дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пурсамар фаъолият дорад. Дар ҷаласаҳои Комиссия масъалаҳои муҳим вобаста ба коргузорӣ, риояи қоидаҳои имло ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Аъзои Комиссия мақсад доранд, ки дар оянда низ барои иҷрои муқаррароти Қонуни нави забон фаъолияти худро густурда ба роҳ монда, дар татбиқи он саҳми худро гузоранд.

Дар ҷаласа, инчунин, Нурилло Мирзоматов, Абдубосит Нуралиев ва чанде аз кормандон ‒ мутахассисони соҳаи забон ибрози андеша карда, ҳамагонро ба посдорӣ ва тоза нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ даъват намуданд. Аз ҷониби баромадкунандагон қайд карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат аз оғози истиқлолият масъалаи забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати давлатӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда мешавад.


ruzzab

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона