imd 2019_tj test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ИМТИҲОНҲОИ ОЗМОИШӢ БО ИШТИРОКИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 11-УМ

Душанбе, 3-юми октябри соли 2019

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 1‑уми октябри соли ҷорӣ имтиҳонҳои озмоиширо барои синфҳои 11-ум оғоз кард.

Ҳадаф аз баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ, ки дар онҳо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок мекунанд, шинос кардани хатмкунандагон бо тартиби имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла, тарзи иҷрои тест ва пур кардани варақаи ҷавобҳо аст. Дар имтиҳонҳои озмоишӣ китобчаҳои тести қисми А (имтиҳони умумӣ), ки се субтест – забони тоҷикӣ, математика ва асосҳои давлат ва ҳуқуқро дар бар мегирад, инчунин варақаҳои ҷавобҳо ба иштирокдорон дар шакле, ки дар имтиҳонҳои воқеӣ истифода мешаванд, пешниҳод мегарданд.

Пас аз анҷоми имтиҳонҳо аз тарафи Марказ маълумот дар бораи холҳои бадастовардаи иштирокдорон омода ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешавад. Вобаста ба ин, хатмкунандагони дар имтиҳонҳои мазкур ширкаткарда инчунин дар бораи сатҳи омодагияшон ба имтиҳонҳо аз фанҳои дахлдор маълумот хоҳанд гирифт.

Тибқи нақша имтиҳонҳои озмоишӣ дар 22 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор мегарданд. Дар имтиҳонҳои мазкур, ки то 30‑юми октябр давом мекунанд, беш аз 2100 нафар хонандаи синфҳои 11-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок мекунанд.

Рафти имтиҳони озмоиширо, чун дар имтиҳонҳои воқеӣ, кормандони Марказ ва омӯзгорони ҷалбгардида назорат менамоянд.


 

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона