imd 2019_tj test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ҶАЛАСА БАХШИДА БА ҶАШНИ 28-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Душанбе, 6-уми сентябри соли 2019

Дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Марказ ҷаласа баргузор гардид.

istiqloliyatМаҷлисро директори Марказ Икромӣ Х. И. ифтитоҳ карда, ҳозиронро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвар арзиши олӣ ба шумор меравад ва дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ мақом ва манзалати хосса дорад. Чунки маҳз ба шарофати он мамлакати моро ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шоистагӣ шинохт ва Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Бузургтарини дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони истиқлолият барои мардуми тоҷик давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу суботи комил ва пойдории ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорист. Ин ҳама бо азму ирода ва заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омад.

Таъсисёбии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи намоёнтарин дастовардҳои соҳаи маорифи кишвар дар ин давра аст. Ҳифзу нигашдошти истиқлолият аз бадастоварии он ҳам душвортар аст ва аз ҳар як шаҳрванд заҳмату ҳисси масъулият ва вазифашиносии бештарро тақозо мекунад. Аз ин рӯ ҳар яки моро мебояд зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, муҳофизи ин неъмати бебаҳо бошем. Барои ин моро зарур аст, ки пеш аз ҳама, вазифаҳои худро софдилона ба ҷо оварда, дигаронро низ, бахусус аҳли илму маорифро таблиғгар бошем, ‒ қайд кард Икромӣ Х. И.

Дар ҷаласа, инчунин Абдуллоев Р., Нуралиев А. ва чанде аз кормандони дигари Марказ роҷеъ ба истиқлолияти давлатӣ, ҳамчун арзиши волои миллӣ, суханронӣ намуданд.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона