imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ

Душанбе, 18‑уми августи соли 2019

Ба диққати довталабоне, ки ба тақсимоти асосии довталабон (натиҷаҳои он 3‑юми август эълон гардид) роҳ ёфта, лекин дар тақсимоти мазкур аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардиданд, расонида мешавад, ки барои иштироки довталабон дар тақсимоти такрорӣ аз рӯйи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2019 холӣ мондаанд, азнавбақайдгирӣ баргузор карда мешавад. Азнавбақайдгирии довталабон барои иштирокашон дар тақсимоти такрорӣ аз 19‑ум то 22-юми август сурат мегирад. Натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ, ки дар асоси балҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад, 26‑уми август эълон карда мешавад.

Хотиррасон менамоем, довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрорӣ надоранд.

Довталабро зарур аст, ки барои азнавбақайдгирӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:

1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (барои хатмкунандагони синфи 9‑ум – маълумотнома бо сурат аз ҷойи истиқомат);

2) варақаи бақайдгирӣ (ё даъватнома);

3) расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба пардохти маблағи иловагӣ (25 сомонӣ).

 

ТАВАҶҶУҲ! Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, дар сомонаи Марказ гузошта шуд. Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки комбинатсияҳои ихтисосҳоро пешакӣ интихоб карда, баъдан ба нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд. Тибқи тартиботи муқарраршуда ба бартарии интихобҳо диққат диҳанд ва ба хатоҳо роҳ надиҳанд.

 

Тартиби тақсимоти такрории довталабон ба ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2019 холӣ мондаанд, бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15‑уми августи соли 2019, № 5370 тасдиқ гардидааст.

Мувофиқи тартиби мазкур тақсимоти такрории довталабон аз нав имтиҳон супоридани довталабонро талаб намекунад ва он аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои аз нав интихобкардаи довталабон дар асоси балҳои умумии аз қисмҳои дахлдор бадастовардаашон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии “Довталаб” дар асоси озмун анҷом дода мешавад.

Дар тақсимоти такрорӣ шахсони зерин ҳуқуқи иштирок карданро доранд:

- довталабоне, ки ба тақсимот роҳ ёфта, лекин тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд;

- довталабоне, ки ба тақсимот роҳ ёфта, тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ тақсимот шудаанду бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.

 

ТАВАҶҶУҲ! Ташхиси тиббии довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муайян кард, ки баъзе аз довталабони ба ин ду донишгоҳ тақсимотшуда гирифтори бемориҳое ҳастанд, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд. Бинобар ин, довталабони мазкур ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашуданд. Вобаста ба ин, ба довталабоне, ки ихтисосҳои тиббиро интихоб кардан мехоҳанд, тавсия медиҳем, ки бо “Номгӯйи бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи дар муассисаҳои таълимии тиббӣ таҳсил карданро надоранд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2018, № 475 тасдиқ шудааст, пешакӣ шинос шаванд. Хотиррасон мекунем, ки агар баъд аз озмуни тақсимоти такрорӣ низ муайян карда шавад, ки довталаби ба яке аз муассисаҳои таълимии тиббӣ тақсимотшуда гирифтори чунин беморӣ аст, муассисаи таълимӣ ин довталабро қабул намекунад.

 

Довталабе, ки дар тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирок карданро дорад, дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро метавонад интихоб намояд.

 

ТАРТИБИ ИНТИХОБИ ИХТИСОСҲО ҲАНГОМИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ БАРОИ ДОВТАЛАБОНЕ, КИ ҚИСМҲОИ А (ИМТИҲОНИ УМУМӢ), Б (ИМТИҲОНИ ИХТИСОС), В (ИМТИҲОНҲОИ ЭҶОДӢ ВА МАҲОРАТИ МАХСУС) ВА Г (ИМТИҲОНҲОИ ИЛОВАГИИ ТАХАССУСӢ)-РО СУПОРИДААНД

Довталабе, ки:

- аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, ихтисосҳоеро метавонад интихоб намояд, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд;

- аз ҳамаи субтестҳои танҳо қисми А (имтиҳони умумӣ) ва аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, ихтисосҳоеро метавонад интихоб намояд, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб менамоянд;

- дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос), аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) низ холи гузаришро соҳиб гардидааст, метавонад ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд ва ҳам ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб мекунанд;

- дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос), аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) низ холи гузаришро соҳиб гардидааст, метавонад ҳам ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд ва ҳам ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А, Б ва Г-ро талаб мекунанд.

Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳоро дар доираи танҳо ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо доранд.

Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), ки аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) холҳои гузаришро соҳиб гардидаанд, ҳуқуқ доранд, ки ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои мазкурро талаб мекунанд, дар доираи ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо ё гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) интихоб кунанд.

Агар довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос), аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) низ холи гузаришро соҳиб гардида бошад, ихтисосҳои дахлдорро дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳои зерин чунин интихоб карда метавонад:

- ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд ва ҳам ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А, Б ва Г-ро талаб мекунанд, аз гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардааш – 2-юм (иқтисод ва география);

- танҳо ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд, аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ).

Довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш), ки аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) холҳои гузаришро соҳиб гардидаанд, ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд, дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳои зерин интихоб карда метавонанд:

- гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон – мувофиқан 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ), 5-ум (тиб, биология ва варзиш);

- гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ);

- гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география).

Агар довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ё 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ё 5-ум (тиб, биология ва варзиш), дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос), аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) ва (ё) аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) низ холи гузаришро соҳиб гардида бошад, ихтисосҳои дахлдорро дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳои зерин чунин интихоб карда метавонад:

- ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд ва (ё) ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб мекунанд ва (ё) ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А, Б ва Г-ро талаб мекунанд, аз гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардааш – мувофиқан 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ), 5-ум (тиб, биология ва варзиш);

- танҳо ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд, аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ);

- танҳо ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд, аз гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география).

Агар довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ё 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ё 5-ум (тиб, биология ва варзиш) аз ҳамаи субтестҳои танҳо қисми А (имтиҳони умумӣ) ва аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардида бошад, ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб менамоянд, танҳо дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардааш метавонад интихоб кунад.

Довталабе, ки аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро супорида, ба тақсимот роҳ ёфтааст, ҳуқуқ дорад, ки дар сурати якхела будани шарту талаботи қисми В-и як ихтисос дар якчанд муассисаи таълимӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ чунин ихтисосро дар доираи самти дахлдор (санъат (тасвирӣ ё мусиқӣ), варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, динӣ) аз якчанд муассисаи таълимӣ интихоб намояд.

 

ТАРТИБИ ИНТИХОБИ ИХТИСОСҲО ҲАНГОМИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ БАРОИ ДОВТАЛАБОНЕ, КИ ҚИСМҲОИ АБ-9 (ИМТИҲОНИ УМУМИЮ ИХТИСОС) ВА В (ИМТИҲОНҲОИ ЭҶОДӢ ВА МАҲОРАТИ МАХСУС)-РО СУПОРИДААНД

Довталабе, ки:

- аз ҳамаи субтестҳои танҳо қисми АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, ихтисосҳоеро метавонад интихоб намояд, ки супоридани танҳо қисми АБ-9-ро талаб менамоянд;

- дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисми АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос), аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) низ холи гузаришро соҳиб гардидааст, метавонад ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани танҳо қисми АБ-9‑ро талаб менамоянд ва ҳам ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои АБ-9 ва В‑ро талаб менамоянд.

Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳоро дар доираи танҳо ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо доранд.

Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳоро дар доираи танҳо ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо доранд.

Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳоро дар доираи танҳо ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо доранд.

Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳоро дар доираи танҳо ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо доранд.

Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш), ки аз ҳамаи субтестҳои танҳо қисми АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос) холҳои гузаришро соҳиб гардидаанд, ихтисосҳоеро, ки супоридани танҳо қисми АБ-9‑ро талаб менамоянд, дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо (5‑ум ё ҳар гурӯҳи ихтисоси дигар) интихоб карда метавонанд.

Агар довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш), дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисми АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос), аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) низ холи гузаришро соҳиб гардида бошад, ихтисосҳои супоридани қисмҳои АБ-9 ва В талабкунандаро танҳо аз ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонад. Довталаби мазкур инчунин ҳуқуқ дорад, ки ихтисосҳои супоридани танҳо қисми АБ-9 талабкунандаро аз ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо ё танҳо ихтисосҳои мазкурро дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳои дигар интихоб кунад.

Довталабе, ки аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш қисми АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос) ва қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро супорида, ба тақсимот роҳ ёфтааст, ҳуқуқ дорад, ки дар сурати якхела будани шарту талаботи қисми В-и як ихтисос дар якчанд муассисаи таълимӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ чунин ихтисосро дар доираи самти дахлдор (санъат (тасвирӣ ё мусиқӣ), варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, динӣ) аз якчанд муассисаи таълимӣ интихоб намояд.

 

ТАРТИБИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ

Вобаста аз намуд ва гурӯҳи ихтисосҳо тақсимоти такрории довталабоне, ки қисмҳои А (имтиҳони умумӣ), Б (имтиҳони ихтисос), В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро супорида, ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳо ва қисмҳои дахлдор соҳиб шудаанд, аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои умумии зерин анҷом дода мешавад:

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисми А ва бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ва 2-юм (иқтисод ва география) барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Б, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5‑ум (тиб, биология ва варзиш) барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб мекунанд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А, Б ва Г, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А, Б ва Г-ро талаб мекунанд.

Тақсимоти такрории довталабоне, ки танҳо қисми АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос)-ро супорида, ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои ин қисм соҳиб шудаанд, дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳое, ки супоридани танҳо қисми мазкурро талаб мекунанд, дар асоси бали умумие, ки аз ҷамъи бали аз қисми АБ-9 ва бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталабон ҳосил шудааст, анҷом дода мешавад.

Вобаста аз намуд ва гурӯҳи ихтисосҳо тақсимоти такрории довталабоне, ки қисмҳои АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос) ва В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро супорида, ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисми АБ-9 ва аз қисми В соҳиб шудаанд, аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои умумии зерин анҷом дода мешавад:

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз субтетҳои қисми АБ-9 ва бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо барои ихтисосҳое, ки супоридани танҳо қисми АБ-9-ро талаб мекунанд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои АБ-9 ва В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои АБ-9 ва В-ро талаб мекунанд.

Тақсимоти такрории довталаб аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқи бартарии интихоб ва ҷойи довталаб дар рӯйхати тибқи балҳои умумии дахлдори бадастовардаи довталабон мураттабшуда, ки барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои мазкур тартиб дода шудааст, анҷом дода мешавад.

Тақсимоти довталаб дар раванди тақсимоти такрорӣ дар навбати аввал аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳо дар варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), баррасӣ карда мешавад. Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси якум нишондодааш комёб шавад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои минбаъдаи интихобкардааш ба роҳ монда намешавад.

Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳо дар варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), нагузарад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳо дар варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи дуюм нишон додааст (яъне бартарии интихобаш дуюм), ба роҳ монда мешавад. Раванди тақсимот бо ин тартиб то замоне идома меёбад, ки довталаб ё аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб мешавад ё аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб намешавад.

Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимот шуда бошад, он гоҳ, новобаста аз он ки бали умумии бадастовардааш барои тақсимот шуданаш аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) минбаъдаи интихобкардааш кофӣ аст, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) минбаъдаи интихобкардааш баррасӣ намешавад.

Бали аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) бадастовардаи довталаб танҳо барои ихтисосҳое, ки супоридани ин қисмро талаб мекунанд, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои дахлдор ба назар гирифта мешавад. Инчунин, бали аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) бадастовардаи довталаб танҳо барои ихтисосҳое, ки супоридани ин қисмро талаб мекунанд, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои дахлдор ба назар гирифта мешавад.


РӮЙХАТИ

нуқтаҳои бақайдгирӣ барои азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрорӣ дар натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2019

 

Муассисаи таълимие, ки дар он нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда мешавад

Нишонӣ

шаҳри Душанбе

1.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 34

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 149/1

2.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Шевченко, 109

3.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаб

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 9

4.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 86

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Зарафшон, 1

5.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24

шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ, 61

6.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72‑и ба номи Гулчеҳра Сулаймонӣ

шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Мушфиқӣ, 109

7.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71‑и ба номи Юсуф Акобиров

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ, 265/1

8.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17

ноҳияи Рашт

9.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Хоҷа Абдулхайров

ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27

шаҳри Хуҷанд

10.

Гимназияи № 24-и ба номи Бобоҷон Ғафуров

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19-ум

11.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ба номи 20-солагии Тоҷикистон

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Калинников, 79

12.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12

шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 166

шаҳри Истаравшан

13.

Гимназияи № 5-и ба номи Раҷаб Амонов

шаҳри Истаравшан, кӯчаи А. Юсупов, 93

шаҳри Панҷакент

14.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30

шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105

шаҳри Бохтар

15.

Литсейи тамоюли технологии ба номи Н. Назирматов

шаҳри Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67

16.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12‑и ба номи Анварбек Ҳамидов

шаҳри Бохтар, кӯчаи Дзержинский, 17

шаҳри Кӯлоб

17.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи В. П. Чкалов

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40

18.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51‑и ба номи Худоёр Раҷабов

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 1

19.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53‑и ба номи Саидҷон Ҳакимзода

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи   Исмоили Сомонӣ, 2

ноҳияи Данғара

20.

Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун

ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30

ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

21.

Маркази таълимӣ ва касбинтихобкунӣ

ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, кӯчаи Ҷалолиддини Балхӣ, 4

шаҳри Хоруғ

22.

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 28

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона