imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

НУҚТАҲОИ БАҚАЙДГИРӢ БАРОИ АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН ҶИҲАТИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ

Душанбе, 12‑уми августи соли 2019

Ба диққати довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосии довталабон (натиҷаҳои он 3‑юми август эълон гардид) роҳ ёфта, лекин дар озмуни тақсимоти мазкур аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардиданд, расонида мешавад, ки азнавбақайдгирии чунин довталабон барои иштирокашон дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз рӯйи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2019 холӣ мондаанд, аз 19‑ум то 22‑юми август дар нуқтаҳои бақайдгирии зерин ба роҳ монда мешавад:

 

Муассисаи таълимие, ки дар он нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда мешавад

Нишонӣ

шаҳри Душанбе

1.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 34

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 149/1

2.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Шевченко, 109

3.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаб

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 9

4.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 86

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Зарафшон, 1

5.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24

шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ, 61

6.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72‑и ба номи Гулчеҳра Сулаймонӣ

шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Мушфиқӣ, 109

7.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71‑и ба номи Юсуф Акобиров

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ, 265/1

8.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17

ноҳияи Рашт

9.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Хоҷа Абдулхайров

ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27

шаҳри Хуҷанд

10.

Гимназияи № 24-и ба номи Бобоҷон Ғафуров

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19-ум

11.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ба номи 20-солагии Тоҷикистон

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Калинников, 79

12.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12

шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 166

шаҳри Истаравшан

13.

Гимназияи № 5-и ба номи Раҷаб Амонов

шаҳри Истаравшан, кӯчаи А. Юсупов, 93

шаҳри Панҷакент

14.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30

шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105

шаҳри Бохтар

15.

Литсейи тамоюли технологии ба номи Н. Назирматов

шаҳри Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67

16.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12‑и ба номи Анварбек Ҳамидов

шаҳри Бохтар, кӯчаи Дзержинский, 17

шаҳри Кӯлоб

17.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи В. П. Чкалов

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40

18.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51‑и ба номи Худоёр Раҷабов

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 1

19.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53‑и ба номи Саидҷон Ҳакимзода

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи   Исмоили Сомонӣ, 2

ноҳияи Данғара

20.

Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун

ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30

ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

21.

Маркази таълимӣ ва касбинтихобкунӣ

ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, кӯчаи Ҷалолиддини Балхӣ, 4

шаҳри Хоруғ

22.

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 28


Хотиррасон менамоем, довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрорӣ надоранд.

Довталабро зарур аст, ки барои азнавбақайдгирӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:

1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (барои хатмкунандагони синфи 9-ум – маълумотнома бо сурат аз ҷойи истиқомат);

2) варақаи бақайдгирӣ (ё даъватнома);

3) расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба пардохти маблағи иловагӣ (25 сомонӣ).

Қабули маблағи хизматрасонӣ барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ дар филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оғоз гардид. Довталабони хоҳишманд метавонанд маблағи мазкурро пешакӣ дар яке аз филиалҳои бонки мазкур пардохт кунанд.

Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, баъд аз анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ омода ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Вобаста ба ин, ба довталабон тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати шинос шудан бо рӯйхати мазкур, инчунин тартиби озмуни тақсимоти такрорӣ мунтазам эълону хабарҳои сомонаи Марказро хонанд.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона