imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Душанбе, 7-уми августи соли 2019

nish-matbМаркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011, № АП-1729 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2019 тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.07.2019, № 26/10-172 рӯзи 5-уми августи соли 2019 дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ “Ховар” нишасти матбуотӣ баргузор кард.

Дар нишасти хабарӣ намояндагони 28 расонаи иттилоотии давлативу мустақили кишвар, аз қабили рӯзномаву ҳафтаномаҳо, шабакаҳои телевизионӣ ширкат варзиданд. Қаблан барои намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумоти мухтасар дар шакли китобча (12 саҳифа) оид ба фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 ба забони тоҷикӣ пешниҳод карда шуд. Дар он оид ба муҳимтарин ҷабҳаҳои кори Марказ дар нимсолаи 1-уми соли ҷорӣ мухтасар маълумот дода шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромӣ Х. И. муовини якуми директор Ҷаъфаров С. Ф., ёвари директор Шодиниё А. Ш., сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва дигар шахсони масъули Марказ ҳузур доштанд.

Директори Марказ аз ҳамкории рӯзноманигорон бо Марказ ва иштироки онҳо дар корҳои таблиғотию иттилоърасонӣ вобаста ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва умуман, фаъолияти Марказ, масъалабардории онҳо аз тариқи ВАО изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки азбаски оид ба фаъолияти муассиса маълумотнома бо забони давлатӣ омода ва ба ҳозирин пешниҳод гардидааст, зарурати додани маълумоти умумӣ вуҷуд надорад ва барои сарфаи вақт дарҳол ба посухи суолҳои хабарнигорон гузаштан ҳадафманд хоҳад буд.

Хабарнигорон ба саволҳои худ дар бораи умдатарин масъалаҳои марбут ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба коллеҷу донишгоҳу донишкадаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, навгониҳои имсола дар низоми ин имтиҳонҳо, аз байн рафтани падидаҳои номатлуби қаллобию фасод ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва ғайра посух гирифтанд.

Шакли электронии маълумотномаи мухтасар дар бораи фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019, ки дастраси намояндагони ВАО гардонида шуда буд, дар сомонаи расмии Марказ низ гузошта шуд.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона