imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ АСОСИИ ДОВТАЛАБОН ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ ДАР СОЛИ 2019

Душанбе, 3-юми августи соли 2019

Имрӯз, 3-юми августи соли 2019, натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 эълон карда шуд.

Мувофиқи тартиби муқарраргардида ба озмуни тақсимот довталабоне роҳ ёфта буданд, ки аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:

- қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос)-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А ва Б холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;

- қисми АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос)-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми АБ-9 холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;

- қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва аз қисми В холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;

- қисмҳои АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос) ва В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми АБ-9 ва аз қисми В холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;

- қисмҳои А (имтиҳони умумӣ), Б (имтиҳони ихтисос) ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А ва Б, инчунин аз қисми Г холҳои гузаришро соҳиб шудаанд. Чунин ихтисосҳо танҳо дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст;

- қисмҳои А (имтиҳони умумӣ), Б (имтиҳони ихтисос) ва Д (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А ва Б, инчунин аз қисми Д холҳои гузаришро соҳиб шудаанд. Чунин ихтисосҳо танҳо дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пешниҳод шудааст.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла бали умумии бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ӯ, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар дар ин бора фиристода шуд.

Агар довталаб дар озмуни тақсимот аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродиаш дар сутуни “Бали гузариш” танҳо барои ҳамин комбинатсия бали гузариш нишон дода мешавад ва маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари интихобкардааш, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.

Агар довталаб дар озмуни тақсимот тибқи комбинатсияи ихтисоси дар рӯйхати интихобҳояш аз 1-ум поён ҷойгиршуда интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш”-и бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродиаш ба ғайр аз комбинатсияи ихтисоси тибқи он комёбгардида барои комбинатсия(ҳо)-и ихтисос(ҳо)-и аз рӯйи он(ҳо) комёбнагардида низ бали гузариш нишон дода мешавад (яъне, аз комбинатсияи ихтисоси 1-ум то комбинатсияи ихтисоси тибқи он комёбшуда). Масалан, агар довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 4-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” барои комбинатсияҳои ихтисосҳои аз 1-ум то 4-уми интихобкардааш бали гузариш нишон дода мешавад. Дар сурати комёб гардидани довталаб мувофиқи яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттар (яъне, дар рӯйхати интихобҳо дар поёнтар ҷойгиршуда)-и довталаб, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.

Агар довталаб дар озмуни тақсимот аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш комёб нагардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” бали гузариши ҳамаи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш нишон дода мешавад.

Вобаста аз комёб шудан ё нашудани довталаб дар озмуни тақсимот ба ӯ тавассути паёмак (SMS) маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода мешавад:

1.“№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи интихоби n (ихтисоси ХХХХХХХ, шакли таҳсил, намуди таҳсил, номи муассисаи таълимӣ) ГУЗАШТЕД. Фавран то 15.08.2019 ба муассисаи таълимӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҳозир шавед!

2.№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД ва метавонед дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намоед. Барои ин бояд аз 19 то 22 августи соли 2019 аз нав аз қайд гузаред.

Тавре ки қайд гардид, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб гузошта мешавад. Агар дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродии довталаб матни Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед! дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариши аз рӯйи он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.

Агар дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродии довталаб матни Шумо дар озмуни тақсимот аз рӯи ягон интихобатон нагузаштед! дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маъно дорад, ки довталаб дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.

Дар баробари роҳҳои зикргардидаи дастрас кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот ҳар як довталаб имкон дорад, ки ба воситаи телефони мобилии худ (ҳамон рақаме, ки дар майдони “Телефони мобилӣ”-и варақаи бақайдгириаш қайд гардидааст), дархост (матн)-и “n<рақами назоратӣ>” (масалан, n3081016008393)-ро ба рақами кӯтоҳи 989001617 фиристода, дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот маълумоти мухтасар гирад. Арзиши фиристодани ин паёмак аз тарофаи хизматрасонии ширкати мобилӣ барои паёмакҳо (SMS)-и содиротӣ, ки довталаб аз он истифода мекунад, вобаста аст.

Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 15‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда мешавад, ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб ба муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 15‑уми август, муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

Аз 3‑юми август раванди пешниҳоди рӯйхатҳои довталабони тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон комёбшуда ба муассисаҳои таълимии дахлдор оғоз мегардад.

ТАВАҶҶУҲ! Мувофиқи тартиби муқарраргардида, дар сурати то 15‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад ва ҷойҳои аз ин ҳисоб холимонда дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод карда мешаванд. Чунин довталаб дар озмуни тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирокро надорад.

Тақсимоти довталабон бо дарназардошти балҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад. Бо тартиби тақсимоти довталабон ба муассиаҳои таълимӣ тибқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон метавон аз сомонаи Марказ (эълони баъдӣ) шинос шуд.

ТАВАҶҶУҲ! Роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ҳанӯз маънои донишҷӯй шудани довталабро надорад ва дар озмуни тақсимот имкон дорад, ки довталаби нисбат ба дигарон бали камдошта, ки комбинатсияи ихтисос(ҳо)-и нишондиҳандаи озмунаш баландро интихоб кардааст, комёб нагардад.

Агар довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ комёб нагардида бошад, имкон дорад, ки аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ, ки баъди озмуни мазкур дар онҳо ҷойҳои холӣ боқӣ мондаанд, иштирок намояд. Озмуни тақсимоти такрорӣ низ дар асоси бали аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталаб, яъне бе супоридани имтиҳон баргузор мегардад. Барои иштирок дар ин озмун довталабон бояд дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав ба қайд гирифта шаванд. Барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ ва Рашт нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешавад. Ҳангоми азнавбақайдгирӣ довталабон имкон доранд, ки дар доираи ихтисосҳое, ки тибқи онҳо ҷойҳои холӣ мавҷуданд, то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб намоянд.

Дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Бохтар, Кӯлоб, Рашт ва Данғара, ки нишонии онҳо дар зер оварда шудааст, аз 3-юм то 5‑уми август нуқтаҳои иттилоърасонӣ амал мекунанд. Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот маълумот гиранд.

Довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ – Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. низ пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот муваффақгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:

1) ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ;

2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);

3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);

4) 6 дона сурат (андозаи 3х4см);

5) маълумотнома аз ҷойи зист;

6) шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ  додааст (шаҳодатнома дар бораи таваллуд барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум);

7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон);

8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).


Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ

1. Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;

телефон: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67.

2. Хоруғ: муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”:

вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11;

телефон: 915 20 72 29, 915 28 00 55.

3. Рашт: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1‑и ба номи Хоҷа Абдулхайров:

ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27;

телефон: 919 78 54 64, 911 11 07 43.

4. Хуҷанд: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12:

вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 166;

телефон: 915 98 00 88, 915 98 00 49.

5. Панҷакент: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 30:

вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи  Лоиқ Шералӣ, 105;

телефон: 915 63 51 00, 917 06 10 05.

6. Истаравшан: гимназияи № 5‑и ба номи Раҷаб Амонов:

вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан, кӯчаи А. Юсупов, 93;

телефон: 911 10 12 97.

7. Бохтар: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ба номи Анварбек Ҳамидов:

вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Дзержинский, 17;

телефон: 915 98 00 58, 915 98 00 71.

8. Кӯлоб: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Сафармуҳаммад Аюбӣ:

вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи  Исмоили Сомонӣ, 40;

телефон: 911 11 89 77, 915 01 82 09.

9. Данғара: литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун:

вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30;

телефон: 919 89 96 96, 915 67 55 65.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона