imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ НОРОЗӢ БУДАН АЗ ХОЛҲОИ ГУЗОШТАШУДА ДАР ИМД

Душанбе, 23-юми июли соли 2019

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо мақсади таъмин ва риояи ҳуқуқ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ)-и донишу маҳорати довталаб ба ӯ ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳонҳои ӯ гузошташуда дода шудааст. Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар ИМД дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо, яъне аз 25‑ум то 27‑уми июл дар бинои асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Бохтар, Кӯлоб, Рашт ва Данғара, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки баррасии аризаи апеллятсионӣ маънои аз нав имтиҳон супоридан ё имконияти бо ин ё он роҳ ба даст овардани холи намерасидаро надошта, дар рафти он танҳо дурустии холҳои барои имтиҳон ба довталаби аризадода гузошташуда санҷида мешавад. Агар варақаҳои ҷавобҳои довталаб тавассути барномаи компютерӣ бе хатои техникӣ коркард шуда, холҳои барои имтиҳони ӯ гузошташуда дуруст бошад, аризааш барои баррасӣ қабул карда намешавад. КОМИССИЯИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ҲУҚУҚИ БА ДОВТАЛАБИ АЗ ИН Ё ОН СУБТЕСТ ХОЛИ ГУЗАРИШРО СОҲИБНАШУДА ДОДАНИ ХОЛИ НАМЕРАСИДАРО НАДОРАД.

Комиссияи апеллятсионӣ тибқи тартиб дар дафтар (офис)-и асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192) фаъолият мекунад ва аризаҳои пешниҳоднамудаи довталабонро то 1‑уми август  баррасӣ карда, довталабонро аз натиҷаи баррасии аризаҳояшон огоҳ менамояд.

Тибқи натиҷаҳои баррасии аризаи апеллятсионии довталаб дар бораи норозӣ буданаш аз холҳои гузошташуда дар ИМД комиссияи апеллятсионӣ яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд:

1) аризаи апеллятсионии довталаб рад ва холҳои гузошташуда бе тағйир монда шавад;

2) аризаи апеллятсионии довталаб қонеъ ва холҳои гузошташуда тағйир дода шавад.

Бо дарназардошти нуктаҳои зикргардида аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар ИМД дар ҳолате барои баррасӣ қабул карда мешавад, ки агар довталаб маълум намояд:

холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда нодуруст ҳисоб карда шудааст;

савол ё масъалаи тест (а) беш аз як ҷавоби дуруст дорад, (б) ҷавоби дуруст ё ҳал надорад;

варақа(ҳо)-и ҷавобҳои дар кабинети инфиродии ӯ гузошташуда ба ӯ тааллуқ надора(н)д.

Шартҳои асосӣ барои пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ инҳоянд:

довталаб бояд бо истифода аз нусхаи варақа(ҳо)-и ҷавобҳои дар кабинети инфиродияш гузошташуда ва калидҳо (ҷавобҳои дуруст), ки дар сомонаи Марказ гузошта шудааст, холҳои бадастовардаашро ҳисоб ва бо холҳои барои имтиҳон(ҳо) ба ӯ гузоштаи Марказ муқоиса намуда, маълум кунад, ки холҳои барои имтиҳон(ҳо) ба ӯ гузоштаи Марказ нодуруст ҳисоб карда шудааст;

навиштани ариза дар шакли муқарраргардидаи ариза ва пурраю дақиқ нишон додани маълумоти зарурӣ;

овардани далелҳои мушаххас дар бораи номувофиқатии холҳои шахсан ҳисобкардаи довталаб бо холҳои тибқи натиҷаҳои коркарди варақа(ҳо)-и ҷавобҳо гузоштаи Марказ.

 

Ҳангоми пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ бо худ шиноснома ва нусха(ҳо)-и варақа(ҳо)-и ҷавобҳоро доштани довталаб зарур аст.

Аризаҳои апеллятсионие, ки бе риояи шартҳои асосӣ, бе яке аз ҳуҷҷатҳои дар боло қайдшуда ё пас аз муҳлати муқарраргардида пешниҳод мегарданд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд.

Вобаста ба пешниҳоди аризаҳои апеллятсионӣ аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми пур кардани шакли ариза маълумоти заруриро ба таври дақиқ ва хоно қайд намуда, танҳо он бахшеро пур кунанд, ки ба довталаб дахл дорад (бахши “Аризадиҳанда/довталаб пур мекунад.”). Шакли аризаи апеллятсиониро дурусту бехато ва хоно пур кардани довталаб худ як навъ нишондиҳандаи босаводии ӯст.

Аризаи апеллятсионӣ вобаста аз хоҳиши довталаб (1) дар ҳузури довталаб ва намояндаи ӯ, (2) дар ҳузури намояндаи довталаб ва ё (3) бе довталаб ва намояндаи ӯ баррасӣ карда мешавад. Новобаста аз се ҳолати зикргардида ҳамаи аризаҳои апеллятсионӣ тибқи тартиб шаффоф баррасӣ шуда, комиссияи апеллятсионӣ одилона қарор мебарорад ва натиҷаҳои баррасӣ ба аризадиҳандаҳо дастрас карда мешаванд. Вобаста ба ин, ҷиҳати пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ довталабон аз шаҳру ноҳияҳои дур метавонанд, ки шакли аризаи апеллятсиониро аз сомонаи Марказ дарёфт карда чоп намоянд ва пас аз пур кардани он ба дафтар (офис)-и асосии Марказ наомада, ба воситаи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хоруғ ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо (нишонии онҳо дар зер оварда мешавад) ё бо намояндаи худ ба комиссияи апеллятсионӣ пешниҳод намоянд.

Аризаҳои апеллятсионие, ки танҳо бо мақсади шинос шудан бо варақаи ҷавобҳои пуркардаи довталаб пешниҳод мешаванд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд, зеро нусхаи варақаҳои ҷавобҳои пуркардаи ҳар довталаб дар кабинети инфиродиаш гузошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки натиҷаҳои дар имтиҳонҳо аз субтестҳо (фанҳо) бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш ва роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот 25‑уми июл эълон карда мешаванд.

ТАВАҶҶУҲ! Варақаҳои сиёҳнавис ва китобчаҳои тест, ки дар имтиҳон истифода гардидаанд, барои даъво кардан далел шуда наметавонанд ва ба натиҷаи имтиҳон таъсир намерасонанд.

Агар то 1-уми август натиҷаи аризаҳои апеллятсионӣ маълум нагардад, дар ин хусус довталабон метавонанд бевосита ба Марказ муроҷиат намоянд.

Аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус ва имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ дар Марказ қабул карда намешавад.

 

Почтаи электронӣ ва маконҳои пешниҳоди аризаҳои апеллятсионӣ

1. Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

2. Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;

- телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67, 224 53 66.

3. Хоруғ: Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”

- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11;

- телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55.

4. Рашт: муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1‑и ба номи Хоҷа Абдулхайров:

- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27;

- телефон: 919-78-54-64, 911-11-07-43.

5. Хуҷанд: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12:

- вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Хиёбони Исмоили Сомонӣ, 166;

- телефон: 911-10-12-97, 915-98-00-49.

6. Панҷакент: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 30:

- вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;

- телефон: 915-63-51-00, 917-06-10-05.

7. Истаравшан: гимназияи № 5‑и ба номи Раҷаб Амонов:

- вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан, кӯчаи А. Юсупов, 93;

- телефон: 907-10-47-74, 988-84-56-56.

8. Бохтар: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ба номи Анварбек Ҳамидов:

- вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Дзержинский, 17;

- телефон: 915-98-00-58, 915-98-00-71.

9. Кӯлоб: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Сафармуҳаммад Аюбӣ:

- вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40;

- телефон: 911-11-89-77, 915-01-82-09.

10. Данғара: Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун:

- вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ;

- телефон: 919-89-96-96, 915-67-55-65.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона