imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj peshnomanavisi tj cabinet tj

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШИИ ТРЕНЕРОН БАРОИ КОРМАНДОНИ МУВАҚҚАТИИ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

Душанбе, 20-уми майи соли 2019

seminari-omuzishii-treneronБо мақсади омодагӣ ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2019 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо барои тренерони кормандони муваққатӣ оғоз кард. Чунин семинар-машваратҳо аз 20-ум то 21-уми майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти умумии № 100 барои намояндагони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки 18 нафар шунаванда, аз 23-ум то 24-уми май дар шаҳри Хуҷанд дар муассисаи таълимии гимназияи № 1 барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки 14 нафар шунаванда, аз 23-ум то 24-уми май дар шаҳри Бохтар дар муассисаи таҳсилоти умумии № 12 барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон бо иштироки 9 нафар шунаванда ва дар шаҳри Кӯлоб дар муассисаи таҳсилоти умумии № 51 барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки 8 нафар шунаванда баргузор мегардад.

Дар баробари ин, аз ҳисоби кормандони Маркази миллии тестӣ 24 нафар ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд ва ҳамроҳ бо тренерон дар давоми моҳи июни соли ҷорӣ дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳониро ташкил ва баргузор менамоянд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ барои ташкил ва баргузории семинари омӯзишӣ барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасонро омода намуда, пас аз ду рӯзи дарсӣ ба шунавандагон дар асоси дарси гузашта саволномаҳо пешниҳод мекунад. Шунавандагон дар асоси талаботу принсипҳои муқарраршуда арзёбӣ карда мешаванд. Аз байни онҳо 33 нафар ба ҳайси тренер интихоб ва ба кори муваққатӣ дар Маркази миллии тестӣ ҷалб карда мешаванд.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона