imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj peshnomanavisi tj cabinet tj

ОЗМОИШИ АБЗОРИ АРЗЁБИИ ДАСТОВАРДҲОИ ТАЪЛИМИИ ХОНАНДАГОН

Душанбе, 17-уми майи соли 2019

ozm-dasto-khonГурӯҳи кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба рушди маориф (CICED)-и Федератсияи Русия дар рӯзҳои 16-ум-17-уми моҳи майи соли 2019-ум дар байни хонандагони синфи 4-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмоиши “Абзори арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагони синфҳои ибтидоӣ” (SAM)-ро аз фанни математика гузаронд. Дар озмоиш зиёда аз 1000 нафар хонандагони синфҳои 4-ум аз 17 муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Санҷиши тестии хатмкунандагони мактаби ибтидоӣ дар доираи санҷиши афзор (инструмент) ва тартиби арзёбии сифати таҳсилоти ибтидоӣ гузаронида шуд. Мақсади асосии он муайян кардани сатҳи донишҳои математикии хатмкунандагони синфҳои ибтидоӣ, дараҷаи азхудкунии мазмуни фан аз ҷониби онҳо аст. Натиҷаҳои тест ҳам барои худи таҳиягарони афзори арзёбӣ ва ҳам барои марказҳои минтақавии арзёбии сифати таҳсилот ва омӯзгорону хонандагоне, ки дар озмоиши тестӣ ширкат менамоянд, басо муҳим аст.

Дар озмоиш хонандагон, дар баробари супоридани тест, ҳамчунин бо пурсишнома кор карданд (анкетированыие), ки он саволҳоро дар бораи хонандагон ва мактаб дар бар мегирифт. Инчунин роҳбарони синфҳои озмоишшаванда, ки ҳамчун нозир дар озмоиш ширкат мекарданд, пурсишномаҳоро, ки бо мавзӯи мактаб ва фаъолияти педагогии омӯзгор рабт дошт, пур карданд. Яке аз мақсадҳои асосии таҳиягарони афзори нави арзёбии сифати таҳсилот мусоидат кардан барои амалисозии таҳсилоти бунёдии самарабахш дар мамлакат мебошад.

Тарҳи назариявии ин афзори санҷишӣ арзёбии кордонии хонандагонро дар се дараҷаи бунёдӣ: расмӣ, бозтобӣ (рефлексивӣ) ва амалкардӣ (функсионалӣ) пешбинӣ мекунад.

Афзори санҷишии педагогии мавриди назар дар такя ба дастовардҳои равоншиносии педагогии ватании дар ҷаҳон эътирофшуда таҳия шудааст.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона