imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj peshnomanavisi tj cabinet tj

ИНТИХОБИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ҶИҲАТИ ТАШКИЛИ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ БАРОИ БАРГУЗОРИИ ИМД ДАР СОЛИ 2019

Тибқи талаботи банди 12-уми ”Тартиби интихоби муассисаҳои таълимии дар заминаи онҳо нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ ташкилшаванда” комиссияи таъсисдодаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ, арзёбӣ, интихоб ва қабули муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати ташкили марказҳои имтиҳонӣ аз 65 муассисаҳои таълимӣ дидан намуд. Тибқи натиҷаҳои арзёбӣ рӯйхати 47 муассисаи таълимӣ барои ташкили марказҳои имтиҳонӣ дар соли 2019 ҷиҳати тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Пас аз тасдиқ рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар заминаи онҳо барои баргузории ИМД-2019 марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешавад, бо иловаи маълумоти зарурӣ дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад.

Бояд зикр намуд, ки соли 2018-ум Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бенуқсон ба роҳ мондани кори камераҳои назорати видеоӣ ва дастгирии муассисаҳои таълимие, ки дар соли 2018-ум заминаи онҳо марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шуда буд, як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №№ 95‑и ш. Душанбе 1000 метр, № 1‑и ш. Кӯлоб 500 метр, № 1‑и н. Восеъ 200 метр, № 11‑и ш. Бохтар 200 метр, № 50‑и ш. Кӯлоб 200 метр, № 6‑и ш. Кӯлоб 200 метр ноқили навъи Hunkakablo CCTV2 (2x0.22mm2) барои ҷобаҷо кардани камераҳои назоратӣ дастрас гардонида шуда, дар МТТМУ № 1‑и н. Восеъ 3-то камераи назоратӣ, дар МТТМУ № 11‑и ш. Бохтар 7-то камераи назоратӣ, дар МТТМУ № 54‑и ш. Душанбе 2-то камераи назоратӣ ва дар МТТМУ № 51‑и ш. Душанбе 1-то камераи назоратӣ насб карда шуд. Инчунин, бо мақсади таъмини толор бо телевизор барои раванди имтиҳонро мушоҳида кардани падару модарон ба МТТМУ № 11‑и ш. Бохтар, МТТМУ № 1‑и ш. Кӯлоб, МТТМУ № 1‑и н. Кӯшониён, гимназияи № 24‑и ш. Хуҷанд, МТТМУ № 4‑и н. Шаҳритус, МТТМУ № 72‑и н. Фирдавсӣ ва МТТМУ № 95‑и н. Сино 1-тогӣ (ҷамъ 7-то) телевизори қутраш 50 дюйм (инч) дастрас гардонида шуд.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона