imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj peshnomanavisi tj cabinet tj

ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДАСТАВӢ БАЙНИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ ВА МАКТАБҲОИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ

Душанбе, 30‑юми апрели соли 2019

olymp-2019Олимпиадаи ҷумҳуриявии даставӣ байни хонандагони литсей ва мактабҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат аз фанҳои равияҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ рӯзи 27-уми апрели соли 2019-ум дар Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии президентӣ” дар шаҳри Душанбе доир карда шуд. Олимпиадаи мазкурро Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо баргузор намуд.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии даставӣ 518 хонандаи муассисаҳои таълимии мазкур аз шаҳру ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Турсунзода, Ҳисор, Хоруғ, Бӯстон, Данғара, Кӯшониён, Бохтар ва Кӯлоб иштирок доштанд.

Чун олимпиадаҳои қаблӣ, Марказ барои амалӣ кардани принсипҳои воқеият (объективӣ) дар санҷишу баҳогузорӣ, шаффофияту мустақилияти равандҳои баргузории озмунҳо, таъмини дастёбии баробар ба олимпиада ва истифодаи васеи техникаю технологияи муосир чораҳои заруриро андешида, олимпиадаи мазкурро дар сатҳи зарурӣ гузаронид.

Дар ин олимпиада дониш ва маҳорату малакаи иштирокдорон аз фанҳои математика, физика, химия, технологияҳои иттилоотӣ, биология (экология), география, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ (барои хонандагони забони таҳсилашон ғайрирусӣ), забони англисӣ, таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ (ҳуқуқи инсон) санҷида шуд.

Натиҷаҳои олимпиада рӯзи 28‑уми апрел эълон ва ба иштирокдорони он имкон дода шуд, ки дар сурати норозӣ буданашон аз холҳои дар озмун ба онҳо гузошташуда аризаи апеллятсионӣ пешниҳод кунанд.

Тибқи натиҷаҳои ниҳоии олимпиада, аз 518 нафар иштирокдори олимпиада 88 нафар ҳамчун ғолиби ҷойи 1-ум, 2 юм ва 3-юм эътироф гардиданд. Ҷойи 1-умро 18 нафар, 2-юмро 26 нафар ва 3-юмро 44 нафар ишғол карданд.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона