imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj peshnomanavisi tj cabinet tj

ЭЪЛОН: МАБЛАҒИ БАРОИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ИМД ПАРДОХТШУДА БА КӢ ВА ДАР КАДОМ ҲОЛАТҲО БАРГАРДОНИДА МЕШАВАД

Душанбе, 30-юми апрели соли 2019

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар соли 2019‑ум рӯзи 30‑юми апрел ба анҷом мерасад. Вобаста ба ин, хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД пардохтшуда дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад:

1)  агар соҳиби расиди бонкӣ аз қайд нагузашта бошад;

2)  агар довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ даст кашад;

3)  агар довталаб маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохта, азнавбақайдгириро нагузашта бошад;

4)  агар довталаб дар имтиҳонҳо бо сабаби узрноки аз ӯ вобастанабуда иштирок карда натавонад;

5)  агар довталаб хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ бошаду бинобар аз аттестатсияи хатм ё ҷамъбастӣ нагузаштанаш дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонад;

6)  агар довталаб бинобар дохил шуданаш ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонад;

7)  агар довталаб аз пардохти тамоми маблағ ё қисме аз он озод бошаду маблағро пурра пардохта бошад.

Шахсе соҳиби расиди бонкӣ номида мешавад, ки расиди бонкӣ ба номи ӯ ба расмият дароварда шудааст ва ин шахс маблағи хизматрасониро пардохтаасту вале барои иштирок дар ИМД худро номнавис накардааст. Ҳар касе аз наздикони довталаб метавонад соҳиби расиди бонкӣ бошад.

Довталаб шахсест, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар ИМД ба қайд гирифта шудааст.

Тартиби баргардонидани маблағи пардохта ба соҳибони расиди бонкӣ ва довталабоне, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30‑юми апрел) худро номнавис кардаанд, чунин аст:

1. Соҳиби расиди бонкӣ, ки маблағи пардохтаашро баргардонидан мехоҳад, бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-1) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза расиди бонкӣ бояд замима карда шавад. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1 % (ҳаққи хизматрасонии бонк) боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба соҳиби расид (дар зарурат ба хешованди наздики соҳиби расиди бонкӣ) баргардонида мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ариза дар бораи баргардонидани маблағи пардохтшуда барои соҳибони расиди бонкӣ, яъне шахсоне, ки расиди бонкӣ дар дасташон аст, маҳдуд карда намешавад.

2. Агар довталаб аз иштирок дар ИМД даст кашад ва маблағи пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-2) дар бораи баргардонидани маблағи пардохтааш на дертар аз муҳлати дар зер нишондодашуда муроҷиат намояд. Ба ариза варақаи бақайдгирии довталаб бояд замима карда шавад. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1 % (ҳаққи хизматрасонии Бонк) ва 25 сомонӣ барои хароҷоти бақайдгирӣ, инчунин, агар азнавбақайдгириро гузашта бошад, 25 сомонии дигар барои хароҷоти азнавбақайдгирӣ боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб баргардонида мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда 2 (ду) ҳафта аз рӯзи ба анҷом расидани марҳалаи асосии бақайдгирӣ ва (ё) азнавбақайдгирӣ (то 15-уми май) аст.

3. Агар довталаб маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохта, аммо азнавбақайдгириро нагузашта бошад ва маблағи пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-4) дар бораи баргардонидани маблағи пардохтааш на дертар аз муҳлати дар зер нишондодашуда муроҷиат намояд. Ба ариза расиди бонкӣ бояд замима карда шавад. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохта 1 % (ҳаққи хизматрасонии Бонк) боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб баргардонида мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ариза дар бораи баргардонидани маблағи пардохтшуда барои чунин довталабон, яъне шахсоне, ки маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохтаанду аммо азнавбақайдгириро нагузаштаанд ва расиди бонкӣ дар дасташон аст, маҳдуд карда намешавад.

4. Агар довталаб бинобар ҳолати аз ӯ вобастанабуда (аз ҷумла ба хизмати ҳарбӣ даъват шудан, бемории вазнин, вафот кардани довталаб) дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонад ва маблағи пардохткардаашро баргардонидан хоҳад, дар ин сурат довталаб ё яке аз шахсони наздикаш бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-2) дар бораи баргардонидани маблағи пардохткардааш муроҷиат намояд. Ба ариза варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сабабе, ки дар ариза баён гардидааст, бояд замима карда шавад. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1 % (ҳаққи хизматрасонии Бонк) боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб ё хешованди наздики ӯ баргардонида мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда 2 (ду) моҳ аз рӯзи ба анҷом расидани марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (то 30-юми август) аст.

5. Агар довталаби хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ бинобар аз аттестатсияи хатм ё ҷамъбастӣ нагузаштанаш дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонад ва маблағи пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-2) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза нусхаи варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати зикршуда бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1% (ҳаққи хизматрасонии Бонк) ва 25 сомонӣ барои хароҷоти бақайдгирӣ, инчунин, агар азнавбақайдгириро гузашта бошад, 25 сомонии дигар барои хароҷоти азнавбақайдгирӣ боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб баргардонида мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда то оғози имтиҳонҳои даври асосӣ (то 30-юми июн) аст.

6. Агар довталаб бинобар ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданаш дар имтиҳонҳо иштирок карда натавониста, маблағи пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-2) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза нусхаи варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати зикршуда бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1 % (ҳаққи хизматрасонии Бонк) ва 25 сомонӣ барои хароҷоти бақайдгирӣ, инчунин, агар азнавбақайдгириро гузашта бошад, 25 сомонии дигар барои хароҷоти ин марҳала боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб баргардонида мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда то оғози имтиҳонҳои даври асосӣ (то 30-юми июн) аст.

7. Агар довталаб аз пардохти тамоми маблағ ё қисме аз он озод бошаду маблағро пурра пардохта, аз ин маблағро пурра ё қисме аз онро баргардонидан хоҳад, бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-3) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза нусхаи варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷат(ҳо)-и дахлдори тасдиқкунандаи имтиёз бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохткардаи довталабе, ки ҳуқуқи озод буданро аз пардохти маблағ дорад, ҳамчунин, довталабе, ки аз пардохти қисме аз маблағ озод аст, 1 % (ҳаққи хизматрасонии Бонк) ва маблағе, ки барои шахсони аз пардохти қисме аз маблағ озодбуда муқаррар шудааст, боздошта шуда, маблағи боқимонда дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба довталаб баргардонида мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда 2 (ду) моҳ аз рӯзи ба анҷом расидани марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (то 30-юми август) аст.

Вобаста аз ҳар ҳолати муайян Марказ шакли аризаро дар бораи баргардонидани маблағҳои пардохтшуда барои хизматрасонӣ дар ИМД муқаррар карда, нусхаи электронии ҳар яке аз онҳоро дар сомонаи Марказ ҷой додааст. Аз ҷумла, соҳибони расиди бонкӣ (шахсони маблағро пардохткарда, ки аз қайд нагузаштаанд) шакли АБМ‑1-ро, довталабоне (шахсони маблағро пардохткарда ва азқайдгузашта), ки аз иштирок дар имтиҳонҳо даст мекашанд ё бо сабабҳои узрнок дар имтиҳонҳо иштирок карда наметавонанд, шакли АБМ-2-ро, довталабони аз пардохти маблағ ё қисме аз он озод, ки ҳамаи маблағро пардохта, аз қайд гузаштаанд, шакли АБМ-3-ро ва довталабоне, ки маблағи азнавбақайдгириро пардохта, худро аз нав номнавис накардаанд, шакли АБМ-4-ро бояд пур кунанд.

Дар ариза оид ба баргардонидани маблағи барои хизматрасонӣ пардохтшуда бояд маълумоти шахсии аризадиҳанда ва сабаб барои баргардонидани маблағ, имзои аризадиҳанда ва таърихи пешниҳоди ариза қайд гардида, ба он ҳуҷҷат(ҳо)-и дахлдор замима карда шаванд. Дар зарурат чунин аризаро метавонад хешованди наздики соҳиби расиди бонкӣ ё довталаб пешниҳод намояд.

Пешакӣ огоҳ менамоем, ки аз 16‑уми май равандҳои дигари банақшагирифтаи омодагӣ ба имтиҳонҳо (аз ҷумла чоп ва ирсоли даъватномаҳо, нашри маводи имтиҳонӣ, ҷалби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ва муассисаҳои бехатарӣ ва интиқолдиҳандаи маводи имтиҳонӣ ба кор) бо дарназардошти шумораи довталабони азқайдгузашта оғоз мегардад ва ин имкон намедиҳад, ки минбаъд маблағҳои пардохтшуда барои довталабоне, ки аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидан мехоҳанд, ба ғайр аз ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки аз довталаб вобастагӣ надоранд, баргардонида шавад.

Агар довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидан хоҳад ё барои иштирок дар имтиҳонҳо имконият надошта бошад ва ба Марказ барои бозпас гирифтани маблағи пардохткардааш аз муҳлати муқарраргардида дер муроҷиат намояд, маблағи пардохтшуда, ба истиснои ҳолатҳои ғайричашмдошти аз довталаб новобаста ва дар асоси ҳуҷҷатҳои асосноккунанда, баргардонида намешавад.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона