imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj peshnomanavisi tj cabinet tj

ЭЪЛОН: ТАМДИДИ МУҲЛАТИ БАҚАЙДГИРӢ ВА ОҒОЗИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ

Душанбе, 15-уми апрели соли 2019

Ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2019 аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонем, ки бинобар то кунун зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) то 30-юми апрел тамдид карда шуд.

Инчунин, тибқи муҳлати муқарраршуда аз 16‑ум то 30‑юми апрел марҳалаи асосии азнавбақайдгирии довталабон баргузор мегардад, яъне аз 16‑ум то 30‑юми апрел раванди бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ ҳамзамон ба роҳ монда мешавад.

Довталабоне, ки аз қайд гузаштаанду хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалия (аз ҷумла гурӯҳи ихтисосҳо, комбинатсияи ихтисосҳо, бартарии интихоби комбинатсияи ихтисосҳо, забон ё макони имтиҳонсупорӣ), маълумоти шахсии худро доранд, бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он сабти ном шуда буданд, муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои зарурии зеринро пешниҳод намоянд:

1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;

2) варақаи бақайдгирии даври асосии бақайдгирӣ;

3) расиди пардохти маблағи иловагӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”.

Агар маълумоти омории рафти бақайдгирии довталабонро дар ИМД-2019 аз 1-уми март то 10‑уми апрел таҳлил кунем, тибқи он шумораи довталабони бақайдгирифташуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5‑ум (тиб, биология ва варзиш) 141,4%, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 4‑ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) 140,8%, ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) 118,8%-ро аз нақшаи қабули ҳар яке аз ин гурӯҳҳо ташкил медиҳад. Шумораи довталабони бақайдгирифташуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) 60,0% ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) 75,8%-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи гурӯҳҳои ихтисосҳои 5‑ум, 4-ум ва 3-юм хеле кам аст. 

Лозим ба зикр аст, ки тибқи маълумоти оморӣ аз ИМД-2018 низ аз рӯйи таносуби калонтарини шумораи довталабон ва ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум дар ҷойи 1‑ум (нисбат ба нақшаи қабул 211,7 %), гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум дар ҷойи 2‑юм (нисбат ба нақшаи қабул 201,8 %) ва гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юм дар ҷойи 3‑юм (нисбат ба нақшаи қабул 137,1 %) буд. Ҳамчунин, таносуби хурдтарини шумораи довталабон ва ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (нисбат ба нақшаи қабул 91,6 %) ва гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (нисбат ба нақшаи қабул 109,9 %) буд. Вобаста ба ин, соли 2018‑ум аз шумораи довталабони дар имтиҳонҳо иштироккарда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум 15273 нафар (47,3 %), яъне қариб нисфашон ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум 3947 нафар (41,8 %)‑ашон сазовори номи донишҷӯй шуда натавонистанд, ки ин ҳиссаи хеле зиёд аст. Дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум танҳо 2830 нафар (18,4 %)-ашон ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм 2926 нафар (17,8 %)‑ашон аз шумораи умумии дар имтиҳонҳо иштироккарда донишҷӯй шуда натавонистаанд, ки ин нисбат ба ҳиссаи довталабони комёбнашудаи гурӯҳҳои ихтисосҳои 4-ум ва 5-ум хеле кам аст. Бинобар ин, дар ИМД-2018 қариб ҳамаи довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум ва 2-юмро интихобкарда, ки холҳои гузариши фанниро ба даст оварда буданд, дар озмуни тақсимот комёб шуда, донишҷӯй гардиданд. Баръакс, аксари довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 4-ум ва 5-умро интихобкарда, ки холҳои гузариши фанниро ба даст оварда буданд, ҳатто бо холҳои баланд балҳои гузаришро соҳиб нашуда, донишҷӯй нагардиданд.

Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи довталабон тавсия медиҳем, ки бо маълумоти омории рафти бақайдгирӣ, ки дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/imd-1/hisobotho/821-hisobothoi-omori.html) ҷойгир карда шудааст, шинос шуда, дар сурати зарурат ва хоҳиш доштан, интихобҳои аввалияи худро дар давраи азнавбақайдгирӣ иваз намоянд. Инчунин, ба шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз қайд гузаштан мехоҳанд, тавсия медиҳем, ки пеш аз номнависӣ кардан бо маълумоти омории зикршуда шинос шуда, ҳангоми интихоби гурӯҳ ва комбинатсияи ихтисосҳо донишу маҳорати худ, ҷойҳои ҷудошуда дар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи нақшаи қабул ва талаботи бозори меҳнатро ба эътибор гиранд.

ТАВАҶҶУҲ! Агар довталаб дар яке аз нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ аз қайд гузашта бошад, бояд ба нуқтаи бақайдгирии дахлдор (рӯйхаташон дар сомонаи Марказ ҷойгир гардидааст), муроҷиат намояд.

Хотиррасон менамоем, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои даври 1‑уми азнавбақайдгирӣ 25 (бисту панҷ) сомонӣ муқаррар карда шудааст. Ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола, инчунин маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”-е, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, аз пардохти маблағи мазкур озоданд.

Рақамҳои телефонҳо барои тамос: 224 53 67, 224 53 73, 224 53 66.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона