СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ТАБЛИҒГАРОНИ ИМД-2018 ОҒОЗ ЁФТ

Душанбе, 22-юми январи соли 2018

Дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон шурӯъ аз 22-юми январи соли ҷорӣ семинар-машварати омӯзишӣ барои таблиғгарони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (минбаъд ИМД) дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2018 ба кори худ оғоз кард.

Дар баробари мавзӯъҳои маъмулие, ки ҳамасола оид ба онҳо ба иштирокдорони ин чорабинӣ шарҳу иттилоот пешниҳод мегардид, соли ҷорӣ доир ба як қатор навгониҳои низоми ИМД, аз қабили пешномнависӣ (бақайдгирии пешакии довталабон дар ҳолати “бархат” (онлайн)), кори хаттӣ (эссе) ва хизматрасонии ”Худро бисанҷ” дарсҳои алоҳида ба нақша гирифта шудааст. Иштирокдорони семинар-машварати омӯзишӣ аз ҳисоби кормандони масъули раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимӣ интихоб шудаанд. Муфассал...

ОРОМИВУ АМНИЯТ ВА СУБОТИ МИЛЛӢ МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Душанбе, 19-уми январи соли 2018

Санаи 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ироа карданд. Албатта, аз паём то паём вазъи некӯаҳволии мардуми кишварамон беҳтар гашта истодааст ва шукронаи онро мекунем, ки дар фазои кишвар сулҳу оромӣ ва якдилӣ ҳукмфармо аст. Паёми имсолаи Сарвари давлатамон бо таҳлили вазъи олам оғоз гашт. Дар он Пешвои миллат чунин баён карданд: “Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Муфассал...

МАСЪАЛАИ СУБОТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР АДАБИЁТИ ТОҶИК

Душанбе, 12-уми январи соли 2018

Адабиёти ҳар миллат яке аз унсурҳои муҳими ифодакунандаи афкору андешаи он ба шумор меравад. Адабиёти тоҷик ба унвони беназиртарин адабиёт, муаррифгари андешаҳои солиму созанда ва башардӯстонаи фарзандони фарзонаи миллат ба ҷаҳониён аст, ки гӯяндагонаш ҳамвора ҳамдиливу меҳрубонӣ ва оромишу суботи оламро талқин менамуданд. Муфассал...

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТӢ

Душанбе, 10-уми январи соли 2018

Дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласа баргузор гардид. Рӯзномаи ҷаласа ба фаъолияти муассисаи мазкур дар соли 2017 дахл кард.

Ҷаъфаров С.Ф., муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи фаъолияти яксолаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дод. Дар ҳисобот мавсуф оид ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Марказ бо таҳлилу қиёсгузориҳо, бурду бохти муассиса дар соли 2017 маълумоти муфассал дода, вобаста ба он камбудиву мушкилоти ҷойдоштаро зикр кард. Муфассал...